МУБОРИЗАИ КИМИЁВИИ ЗИДДИ МАЛАХ ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах», соли ҷорӣ дар майдони 94 ҳазору 882 гектар ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малахи марокоӣ паҳн гардид. Ин нишондод нисбат ба соли 2009 61 ҳазору 32 гектар зиёд аст. То 21 –уми июни соли 2010 дар ҷумҳурӣ бо кӯмаки олимону мутахассисон майдони 73 ҳазору 461 гектар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) то як андоза тавассути доруҳои кимиёвӣ аз малах тоза карда шудааст. Бино ба иттилои ҳамин манба, дар мубориза ба муқобили малах аз 27 адад тракторҳои дорупошии (ОВХ) ва дастгоҳи аэрозолӣ, 590 адад дорупошакҳои дастӣ ва 801 нафар қувваи корӣ истифода карда шудааст. Бо вуҷуди муборизаи қатъӣ малах ба таври пурра нест карда нашудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






