МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ЭМРИ ДЕ МОНТЕСКЮ
9 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Фаронса доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Эмри де Монтескюро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд. Эмри де Монтескю конфронси байналмилалии обро, ки дар шаҳри Душанбе бо пешниҳоди Тоҷикистон ва таҳти васоёи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафти иҷрои Барномаи 10 – солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» ҷараён дорад, бисёр муҳим арзёбӣ намуд. Ў ҳамчунин таъкид дошт, ки Тоҷикистон бо мавқеъгирии мусоид ва пешниҳодоти дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ соҳиби обурўю эътибори баланди байналмилалӣ гаштааст. Ба гуфти ў, Тоҷикистон бо нуфузи байналмилалии худ ба ҳайси як кишвари форсизабон метавонад ҳамчунин дар байни кишварҳои ҳамзабони худ ва дар манотиқи зисти ин мардумон мавқеи хоса дошта бошад. Дар робита ба ҳолати муҳосираи нақлиётии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Узбекистони ҳамсоя ба назар мерасад, Эмри де Монтескю изҳор дошт, ки «Фаронса ва кулли кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муқобили ҳар гуна амалиёти муҳосиравии миёни кишварҳоанд ва ҷонибдори ҳалли машваратии моҷарои нақлиётии миёни Тоҷикистону Узбекистон мебошанд». Дар баробари ин ў изҳор дошт, ки Тоҷикистон бояд роҳҳои алтернативӣ низ бунёд намояд, то ки аз вобастагӣ ба роҳи ягонаи аз Иттиҳоди Шўравӣ боқимонда раҳо ёбад. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва ҳамгироии муштарак бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.