МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ФРАНСИС ЛОРЕНЗО

Июнь 8, 2010 07:31

7 июни соли 2010  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти созмони «Саус-Саус Нюс» Франсис Лорензоро ба ҳузур пазируфт. Мавзўи асосии сўҳбат бо Президенти созмони «Саус-Саус Нюс» Франсис Лорензо ҳамкорӣ дар татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола буд. Франсис Лорензо Тоҷикистонро «кишвари калидӣ дар ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба оби тоза» маънидод карда, изҳор дошт, ки дар татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола низ масоили таъмини дастрасӣ ба оби тоза нақши  марказӣ доранд. Президенти созмони «Саус-Саус Нюс» ба фаъолияти Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола чун кишвари таҷрибавӣ баҳои баланд дода, онро давлати пешсаф дар ин самт арзёбӣ намуд. Франсис Лорензо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки моҳи сентябри соли равон баҳри иштирок дар иҷлосияи навбатии Созмони Милали Муттаҳид ва маросими супурдани ҷоизаҳои Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола ба шаҳри Ню-Йорк ташриф барад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июнь 8, 2010 07:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад