МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ХУ ТСЗИНТАО

Июнь 11, 2010 07:28

10 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри  иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 11 – уми июн баргузор мегардад, дар шаҳри Тошкент – пойтахти Узбекистон қарор дорад. Дар шаҳри Тошкент Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао мулоқот намуд. Дар вохўрӣ масоили ҳамкории бисёрпаҳлўи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд. «Ҷумҳурии Мардумии Чинро мо шарики стратегӣ ва муътамади Тоҷикистон шумурда, ба таҳкиму густариши муносибот бо он манфиатдорем», — изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон. Ху Тсзинтао дар навбати худ изҳор дошт, ки «Ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст, ҳамаи тадбирҳои Тоҷикистонро баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ ва рушди иқтисодиёти худ устуворона дастгирӣ намояд». Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, қабл аз ҳама аз татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки иқтисодию инфрасохторӣ, ки барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ доранд, изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба суръат ва сифати кори ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон ба бунёди роҳу пулҳо, нақбҳо, хатҳои интиқоли нерўи барқ ва корхонаҳои саноати кўҳкорӣ машғуланд, баҳои баланд дода шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо вуҷуди бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ҳаҷми мубодилоти моли миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2009 қариб ба 1,5 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд. Ху Тсзинтао ба нақши байналмилалии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми намоёнаш дар омодасозии ин ҳамоиши сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ва умуман таҳкими эътибори ин созмон дар арсаи ҷаҳонӣ арзи сипос намуд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин омодагӣ ва ҳавасмандии кишварашро оид ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла барои маблағгузорӣ ва  татбиқи лоиҳаҳои сершумори иқтисодӣ таъкид намуд. Зикр гардид, ки масъалаи аз ҳисоби сандуқи қарзии Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ҳаҷми умумии маблағаш 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, барои кишварҳои аъзои ин созмон пешбинӣ шудаааст, ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба Тоҷикистон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дорад. Ху Тсзинтао изҳор дошт, ки имсол Ҳукумати Ҷумҳурии Мардуми Чин барои дастгирии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон 80 миллион юани чинӣ (6,7 юан =1$)  грант ва барои бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ 5 миллион юани чинӣ кўмаки башардўстона ҷудо мекунад. Ҳарду ҷониб изҳор доштанд, ки барои такмили техникии гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу ва таъмини кори он дар ҳамаи фаслҳои сол ва ҳамчунин баҳри густариши робитаҳои Тоҷикистон бо минтақаи Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардуми Чин  кўшиш ба харҷ медиҳанд. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ, аз ҷумла масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июнь 11, 2010 07:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст