МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО КОРИ УДОВИЧКИ
7 июни соли 2010 Худи ҳамин рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба барномаи рушди ин созмон хонум Кори Удовичкиро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот бо Кори Удовички масоили ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд. Ба натиҷаи ҳамкории дуҷониба, ки самти асосии он мусоидат ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аст, баҳои баланд дода шуд. Рушди маориф, тандурустӣ, ислоҳоти идораи давлатӣ, омодасозии ҷойҳои нави корӣ ва таъмини тиҷорати озоди минтақавӣ аз самтҳои асосии ҳамкорӣ маънидод гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.