МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Н. БЕКРӢ
18 июни соли 2010 бегоҳии рўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси ҳукумати мардумии ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур Нур Бекрӣ мулоқот намуда, тафсилоти ҳамкории кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди бар арзишҳои дўстӣ, эътимод ва ҳусни ҳамсоягии Тоҷикистону Чин асосёфта таъкид намуданд. Пагоҳ сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қошғари ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур идома хоҳад ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






