МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПЙЕР МОРЕЛ
14 июни соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пйер Морелро, ки баҳри иштирок дар мулоқоти вазирони адлияи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, масъалаҳои минтақавии Осиёи Марказӣ ва авзои кунунии Қирғизистон баррасӣ шуд. «Тоҷикистон ба рушду нумуи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо манфиатдор аст ва мо хоҳони онем, ки ҳамкориҳоямон бо он дар бахшҳои стратегӣ хислати мушаххас касб намоянд». Пйер Морел дар навбати худ аз он, ки Созишномаи ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон ба тасвиб расидааст, изҳори қаноатмандӣ карда таъкид дошт, ки «татбиқи амалии ин санад ба оғози марҳилаи нав дар муносиботи гуногунҷанба, аз ҷумла дар ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои мушаххас боис мегардад». Пйер Морел ҳамчунин аз омодагӣ ба нахустин ҷаласаи «Шўрои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо», ки тирамоҳи соли равон дар шаҳри Душанбе бояд баргузор шавад, иттилоъ дода, ин ва дигар чорабиҳои муштаракро «фоли нек аз оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ намуд». Ба гуфти ў тирамоҳи соли равон дар шаҳри Душанбе ҳамчунин мулоқоти раисони судҳои конститутсионии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад. Баргузоршавии чорабиниҳои сершумори сатҳи баланди минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ки солҳои ахир ва хусусан соли равон ба назар мерасад, нишона аз болоравии нуфузу эътибори ҷаҳонии кишвари мо маънидод гардид. Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба авзои кунунии Қирғизистон мубодилаи афкор намуда, изҳори умед карданд, ки ҷонибҳои даргир ҳарчи зудтар аз амалиётҳои ҷангӣ ва тахрибкорӣ даст мекашанд ва баҳри барқарорсозии амнияту субот дар минтақаи ҷануби ин кишвар чораҳои муассир андешида мешаванд Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






