МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛӢ

Июнь 11, 2010 10:53

Ашт,  11 июн. (АМИТ «Ховар»,  Санавбар  Мақсудова). —  Раиси  вилояти  Суғд  Қоҳир  Расулзода  чанд  рӯз  пеш  дар  ноҳияи  Ашт маъракаи  қабул  ороста аризаю  шикояти  116  сокини  маҳаллиро   мавриди  баррасӣ  қарор  дод.  Муроҷиатҳои  корафтодагон   асосан   ба  масъалаҳои   тармими   муассисаҳои  фарҳангу  маориф,  роҳҳо,   пахши  барномаҳои   телдевизиони  вилоятию  ҷумҳуриявӣ,   мустаҳкам  кардани  соҳили  дарёҳо  ва  сойҳо,  беҳтар  сохтани  сифати  об,   ба  аҳолӣ  додани  қитъаҳои  замин,  қабули  фарзандони  заҳматкашон  ба  мактабҳои олӣ,  расонидани   кӯмакҳои  моддии  иҷтимоӣ  ва  ғайра  марбут  буд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  қариб  нисфи  аризаю  шикоятҳои   муроҷиаткунандагон  бевосита   дар  натиҷаи  муҳокимаи  онҳо  ҳал  карда шуд. Қ.Расулзода   зимни  сӯҳбат  бо  намояндагони  аҳолӣ  зикр  намуд, ки  ояндаи  наздик  325  гектар  замин  ҳамчун  замини  наздиҳавлӣ  тақсим  карда  хоҳад  шуд. Қайд  карда  шуд, ки дар  натиҷа  2,5  ҳазор  оила  соҳиби  замин  мегардад. Ба  қавли  раиси  вилоят  барои тармими  муассисаҳои  маорифу  фарҳанг  аз  ҳисоби  буҷети  вилоят  маблағ  ҷудо  карда  мешавад. Баъди  чошти  ҳамон рӯз  бо  иштироки  раиси  вилоят   маҷлиси   фаъолони  ноҳия баргузор гардид.   Қ.Расулзода  дар  маҷлис  изҳор  дошт, ки  баъзе  раисони  ҷамоатҳо қитъаҳои  замини  обиро  ғайриқонунӣ тақсим  кардаанд.  Ҳол  он  ки   бо  қарори  ҳукумат, тақсими  замини обӣ  манъ  карда шудааст.  Дар  бисёр  ҷамоатҳо  ба  муҳокимаи  арзу  шикояти  сокинони  маҳаллӣ  диққати  зарурӣ  дода  намешавад. Ашт  ноҳияи  аграрӣ  буда,  134  ҳазор  нуфус  дорад. Сокинони он  асосан  ба  пахтакорию  боғдорӣ,  чорвопарварӣ  ва  зироаткорӣ  машғуланд.

Июнь 11, 2010 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд