МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛӢ
Ашт, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода чанд рӯз пеш дар ноҳияи Ашт маъракаи қабул ороста аризаю шикояти 116 сокини маҳаллиро мавриди баррасӣ қарор дод. Муроҷиатҳои корафтодагон асосан ба масъалаҳои тармими муассисаҳои фарҳангу маориф, роҳҳо, пахши барномаҳои телдевизиони вилоятию ҷумҳуриявӣ, мустаҳкам кардани соҳили дарёҳо ва сойҳо, беҳтар сохтани сифати об, ба аҳолӣ додани қитъаҳои замин, қабули фарзандони заҳматкашон ба мактабҳои олӣ, расонидани кӯмакҳои моддии иҷтимоӣ ва ғайра марбут буд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки қариб нисфи аризаю шикоятҳои муроҷиаткунандагон бевосита дар натиҷаи муҳокимаи онҳо ҳал карда шуд. Қ.Расулзода зимни сӯҳбат бо намояндагони аҳолӣ зикр намуд, ки ояндаи наздик 325 гектар замин ҳамчун замини наздиҳавлӣ тақсим карда хоҳад шуд. Қайд карда шуд, ки дар натиҷа 2,5 ҳазор оила соҳиби замин мегардад. Ба қавли раиси вилоят барои тармими муассисаҳои маорифу фарҳанг аз ҳисоби буҷети вилоят маблағ ҷудо карда мешавад. Баъди чошти ҳамон рӯз бо иштироки раиси вилоят маҷлиси фаъолони ноҳия баргузор гардид. Қ.Расулзода дар маҷлис изҳор дошт, ки баъзе раисони ҷамоатҳо қитъаҳои замини обиро ғайриқонунӣ тақсим кардаанд. Ҳол он ки бо қарори ҳукумат, тақсими замини обӣ манъ карда шудааст. Дар бисёр ҷамоатҳо ба муҳокимаи арзу шикояти сокинони маҳаллӣ диққати зарурӣ дода намешавад. Ашт ноҳияи аграрӣ буда, 134 ҳазор нуфус дорад. Сокинони он асосан ба пахтакорию боғдорӣ, чорвопарварӣ ва зироаткорӣ машғуланд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






