МУЛОҚОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ СҲШ ДАР ТОШКАНД
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай кушода шуд. Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Ху Сзинтао ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев иштирок доранд. Мулоқот бо гуфтушуниди сарони давлатҳо дар қароргоҳи Президенти Ӯзбекистон — «Кӯксарой» оғоз ёфт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба беҳтар сохтани фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай, мақомоти он, рушди минбаъдаи ҳамкории мамлакатҳои аъзои созмон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гуманитарӣ, инчунин таъмини амнияти минтақа, муборизаи муштарак ба муқобили терроризм, ифротгароии динӣ, ҷудоихоҳӣ, пешгирии қочоқи аслиҳа ва маводи нашъадор ва ғайра муҳокима карда мешаванд. Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан кард. Вай дар бораи воқеаҳои Қирғизистон сухан ронда, зарурати дар доираи СҲШ ташкил намудани воситаи самарабахши вокуниш ба чунин воқеаҳои ғайричашмдоштро таъкид намуд. Ҳамаи мо имрӯз бояд ба ин мамлакати ҷангзада то ҳадди имкон бештар кӯмак расонида, дар он қонуният ва ҳокимият барқарор созем, гуфт Эмомалӣ Раҳмон. Президенти Тоҷикистон мамлакатҳои аъзои СҲШ – ро даъват намуд, ки барои мӯътадил сохтани вазъияти Афғонистони ҳамсоя тадбирҳои судбахш андешанд. Эмомалӣ Раҳмон ташкили Фонди рушди СҲШ – ро яке аз шартҳои густариши ҳамкорӣ дар доираи созмон номид. Президенти Тоҷикистон инчунин пешниҳод кард, ки то соли 2020 барномаи стратегии рушди созмон таҳия карда шавад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






