МУЛОҚОТИ ЗАРИФӢ БО РОҲБАРИ ГУРӮҲИ ПАРЛУМОНИИ БУНДЕСТАГ
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 1 июни соли 2010 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷонишини роҳбари гурўҳи парлумонии Бундестаг оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Манфред Грунд ва намояндаи ваколатдори минтақавии Бунёди ба номи Конрад Аденауэр оид ба Осиёи Марказӣ Томас Кунсеро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, зимни сўҳбат як қатор масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба муҳокима шуданд. Ҷонибҳо таъкид карданд, ки муколамаи сиёсии Тоҷикистону Олмон мунтазам буда, доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла густариши робитаҳои иқтисодии мутақобилан судманд ва ҷоннок намудани ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитариро дар бар мегирад. «Дар ҷараёни муҳокимаи як қатор масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба мавзўъҳои таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамгироии иқтисодӣ ва тағйирёбии иқлим таваҷҷўҳи хоса зоҳир гардид. Дар мавзўи Афғонистон низ мубодилаи афкор сурат гирифт», афзуд манбаъ.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






