МУОВИНИ МУНШИИ УМУМИИ СММ БА ДУШАНБЕ ОМАД
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Муовини Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Шо Сзукан шаби 6 июн ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки меҳмон дар конфронси байналмилалии намояндагони воломақоми мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналхалқӣ бахшида ба мавзӯи таҳлили миёнамӯҳлату доманадори ҷараёни иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои зиндагӣ» ширкат меварзад. Конфронс 8 – 10 июн дар Душанбе гузаронида мешавад. Аз Кумитаи тадорукоти конфронс хабар доданд, ки айни ҳол қариб 100 нафар иштирокчии конфронс ба Душанбе омад. Меҳмонони боқимонда дар давоми рӯзи 7 июн хоҳанд омад. Инчунин дар конфронс роҳбарону намояндагони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, СҲШ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони конфронси исломӣ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва ғайра иштирок хоҳанд кард.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






