МУРОҶИАТИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ

Июнь 17, 2010 14:28

Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки баланд шудани ҳарорати гармии ҳаво ва оғоз шудани мавсими шиноварӣ-оббозӣ дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо ва ҳавзҳо, ки ба таҳдиди эҳтимоли ғарқшавии шаҳрвандон оварда мерасонад, эҳтиёткориро талаб менамояд. Боиси тазаккур аст, ки аз аввали мавсими гармиҳо дар ҷумҳурӣ якчанд ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Чунин ҳодиса 15 июни соли равон дар натиҷаи боришоти шиддатнок дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ деҳаи Нозирободи шаҳри Ваҳдат сатҳи оби каналу ҷӯйборҳо баланд шуда аз соҳил берун баромад. Дар натиҷа ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Ваҳдат — Ромит муваққатан қатъ гардид, инчунин ба хонаи истиқоматии шаҳрвандон, заминҳои назди ҳавлигӣ, кишти зироатӣ хоҷагии халқ зарар расонид. Бинобар ин, Кумита аз шаҳрвандони Тоҷикистон тақозо дорад, ки барои ҳимояи ҳаёти шахсии худ ва наздиконашон ҳангоми истироҳат ва шиноварӣ дар наздикии дарёҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намуда, аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ кунанд.   Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳру ноҳияҳо якҷоягӣ бо хадамотҳои дахлдор ба кори худ шурӯъ намуданд.    

Июнь 17, 2010 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд