МУШКИЛКУШОИ ХУД ВА ДИГАРОН
Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯзҳо баробари он ки нархи сӯзишворӣ ба 4 сомонию 40 – 4 сомонию 60 дирам расидааст, чун пештара кӯчаҳоро мошинҳои сабукрав пур кардаанд. Маълум мегардад, ки боло рафтани нархи сӯзишворӣ ба ҳаракати нақлиёт таъсир расонида наметавонад, чаро? Бо ин савол мухбири АМИТ «Ховар» дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе назарсанҷиеро анҷом дод ва чунон ки маълум шуд, боло рафтани нархи сӯзишворӣ ба кисаи ронандагон ҳеҷ таъсир расонида наметавонад, баръакс ронандагон аз ин манфиат мебинанд. Масалан агар як моҳ пештар аз шаҳри Ваҳдат тавассути микроавтобусҳо бо 1 сомонию 50 дирам ва тавассути таксиҳо бо 2 сомонӣ вориди Душанбе шудан мумкин буд, ҳоло бо 2 сомонӣ тавассути микроавтобусҳо ва бо 3 сомонӣ бо таксӣ дар ин хатсайр аз як нуқта ба нуқтаи дигар мусофиронро интиқол медиҳанд. Ба гуфти устоди донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон Абдумаҷид Рафиев, ки ҳар рӯз аз шаҳри Ваҳдат барои кор ба шаҳри Душанбе омада меравад,- ин мардуманд, ки нафақат мушкили худ, балки мушкилосонкункасони дигарон: ронандаю савдогар, соҳибкору тоҷир, ҳатто аз корфармою муҳофизони ҳукуқҳои худ буда, онҳоро аз вартаи муфлисшавӣ мераҳонанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






