МУСОҲИБАИ Э. РАҲМОН БО ЖУРНАЛИСТОНИ ЧИН
Бегоҳии рўзи 18 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба намояндагони як қатор расонаҳои ахбори умуми ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйѓури Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба орост. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барпо намудани робитаҳои мустақимро бо ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйѓури Ҷумҳурии Мардумии Чин «як қадами муҳим дар барқарорсозии шохаҳои Шоҳроҳи бузурги Абрешим» маънидод карда, изҳор дошт, ки ба рушди равобити бевосита миёни минтақаҳои Тоҷикистону Чин аз ҷониби роҳбарияти ҳарду давлати дўсту ҳамсоя таваҷҷўҳи зиёд зоҳир мегардад. «Дар зарфи чанд соли охир аз 4-5 нафар ба зиёда аз 600 нафар расидани шумораи донишҷўёни тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Чин возеҳ гувоҳӣ медиҳад, ки дар баробари робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ алоқаҳои гуманитарӣ низ миёни ду кишвар густариш пайдо намудаанд», — изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон. Зимни пурсишу посух Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намояндагони воситаҳои ахбори умуми ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйѓури Ҷумҳурии Мардумии Чин даъват намуд, ки барои шиносоии наздик ва инъикоси бештари рўйдодҳои Тоҷикистон ба кишвари мо пайваста сафар намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






