МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ НАҶОТДИҲАНДАГОН
Душанбе, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳафтаи сипаригашта дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мусобиқа оид ба варзиши бисёрҳарбаи наҷотдиҳандагони сохторҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ ва МГ) баргузор гардид. Дар мусобиқа дастаҳои маркази наҷотдиҳии КҲФ ва МГ, ситоди ҳолатҳои фавқӯлодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон, ситоди ҳолатҳои фавқӯлодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд, қисми наҷотдиҳии 45045-и КҲФ ва МГ-и ҷумҳурӣ, қисми наҷотдиҳии 45025-и шаҳри Қайроққум ва дастаҳои наҷотдиҳии ихтиёрии минтақаҳои Ҳисор, Кӯлоб, шаҳру ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ ширкат варзиданд. Бояд қайд намуд, ки наҷотдиҳандагон дар шароити табиӣ оид ба муайян кардани маҳалли фалокат ва ҷустуҷӯи зарардидагон, расонидани кӯмаки аввалини тиббӣ, гузаштани саддҳои обӣ ба воситаи асбобҳои ғаввосӣ, ташкили гузаргоҳҳои овезон ва ба воситаи онҳо гузаронидани зарардидагон, аз зери вайронаҳо ва ошёнаҳои баланд баровардани одамон, пойга ба масофаи як километр ва ғайра мусобиқа карданд. Дар мусобиқа дастаи махсуси зудамали ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд бо сарварии лейтененати калон Анзор Азимхонов пирӯз гардид. Боиси қайд аст, ин даста соли гузашта дар мусобиқае, ки дар ноҳияи Балҷувон барпо гардид, ҷойи аввалро ишғол карда буданд. Ба ғайр аз тӯҳфаҳои ташкилкунандагони мусобиқа сардори ситоди ҲФ ва МГ-и вилояти Суғд полковник Баҳром Додов аъзои дастаи ғолибро бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонид. Ҷойҳои дуввуму сеюмро Маркази наҷотдиҳии кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ ва қисми наҷотдиҳии 45045-и баталёни наҷотдиҳии КҲФ ишғол намуданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






