НАҚШАИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ОБИ ТОЗА ИҶРО НАШУД
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо вобаста ба таъмини аҳолӣ бо оби софи ошомиданӣ, дар давоми 5 соли охир наздик ба 1, 2 млн. нафар аҳолии ҷумҳурӣ бо оби тоза таъмин карда шуд ва беш аз 600 ҳазор нафар имконияти бештаре барои дастрасӣ ба оби тозаро пайдо намуданд,- иброз доштанд дар Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо об ва ноил шудан ба «Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола», «Барномаи беҳтар намуданитаъминоти аҳолии мамлакат бо оби тоза дар давраи солҳои 2008 – 2020» – ро қабул намуд. Мутаассифона, бо вуҷуди ҳамаи кӯшишҳо, дар натиҷаи фалокатҳои ҳарсолаи табиӣ нақшаи таъмини аҳолӣ бо оби тоза иҷро нашуда монда, садҳо иншооти инфраструктурӣ хароб гардида, ба буҷаи ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонада мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






