НАМОИШИ КИТОБҲОИ ТОЗАНАШРИ ТУРКИЯ
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ маросими муаррифии китобҳои тозанашри Туркия бо дастгирии Сафорати Туркия дар Тоҷикистон доир гардид. Дар маросими мазкур директори китобхона Шариф Тошев, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Сафар Шосаидов ва мушовири сафири Туркия оид ба корҳои фарҳангӣ Мехмет Ташкин иштирок намуданд. Бояд гуфт, дар ин намоишгоҳ 300 номгўи китоб аз фонди китобхона ва 200 номгў китобҳои тозанашр дар самтҳои таърих ва сиёсати Туркия, фарҳанг ва ҳунар, адабиётшиносӣ ва ғайра гузошта шуда буданд. Зимни суханронии худ, Сафар Шосаидов аз ҳамкории Сафорати Туркия изҳори миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки густариши равобити Тоҷикистону Туркия яке аз самтҳои сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Мехмет Ташкин низ дар суханронии худ изҳор дошт, ки нашр намудани китобҳои шоирону нависандагон ва олимон бо забонҳои гуногун дар омўзиши забонҳо ва баланд бардоштани фарҳангу маънавиёти мардуми кишварҳои Тоҷикистону Туркия метавонад саҳми бузург гузорад. Ҳамчунин, дар намоишгоҳ чун нишони забондонӣ ва дўстии ду кишвар аз ҷониби як гурўҳ донишҷўён аз эҷодиёти шоирони Туркия бо забонҳои туркӣ, тоҷикӣ ва русӣ шеърҳо қироат карда шуд.