НАТИҶАГИРИҲО АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕСОЛА
Ҳисор, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев)- Дар ноҳияи Ҳисор мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ бахшида ба сеюмин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хеле хотирмон ва пурмазмун баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳ раиси ноҳияи Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Солиев ҳусни оғоз бахшид. Сипас, дар назди ҳозирин раиси кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов, муовини раиси кумитаи мазкур Мавлон Мухторов, корманди масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Одинашо Муродов, — мудири шўъбаи бахши танзими вилояти Хатлон, Абдуҳалим Зобиров сармутахассиси бахши танзими ВАКБ Ҳотамшо Мақбулшо ва дигарон андешаҳояшон дар бораи фаъолияти сесола қонуни мазкур иброз доштанд. Иштирокчиён қайд карданд, ки қабули қонуни мазкур имкон дод, ки пеши роҳи ҳодисаҳои номатлуб, исрофкориҳои беҳуда саривақт гирифта, ҷашну маросимҳо ба як низоми муайян дарояд. Баъдан иштирокчиёни мизи муддавар, ки аз тамоми манотиқии ҷумҳурӣ буданд, ба гурўҳҳо тақсим шуда, аз ҷамоатҳо, хоҷагиҳо, муассисаҳо боздид намуда ба ёдгориҳои мамнўъгоҳи таърихӣ – фарҳанги Ҳисор шинос шуданд. Рўзи дигар тибқи барномаи мизи муддавар машварат, табодули афкор, диду боздидҳо аз фаъолияти бахши танзими ҷамоатҳо, хоҷагиҳо, муассисаҳо ва деҳаҳои алоҳидаи шаҳру ноҳияи Турсунзода идома ёфт.