«НЕВСКИЙ»- РО ҚАБУЛ НАКАРДАНД

Июнь 4, 2010 08:49

Душанбе, 4 июн.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо офатҳои табиӣ соли ҷорӣ қариб дар  ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва маҳалҳои зист хисороти зиёд ворид шуд.  Дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ миқдори зарари аз боронҳои шадид ба амаломада, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Табошар, Ҷаббор Расулов, Нов ва Ғончӣ, ки 26 –уми май рух додааст,  ҳанӯз муайян карда нашудааст. Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба 1019 хоҷагиҳои аз заминларза  зарардидаи ноҳияи Ванҷ    20 тонна тухмии гандуми навъи «Басирбай», ки хеле серҳосил аст бо 15 тонна карбамид кӯмак расонида шуда,    ба ҳар як  сари хоҷагӣ 20 кг гандум ва 15 кг карбамид тақсим карда дода шуд. Дар баробари ин ба зарардидагон 100 тонна картошкаи навъи «Невский» барои кишт низ пешниҳод гардид, аммо бо сабаби гузаштани мавсими кишти баҳории картошка хоҷагиҳо аз қабул ва кишти он даст кашиданд.

Июнь 4, 2010 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст