О. ОҚИЛОВ БО Ш. СЗУКАН ВА Т. МАНСУРОВ КАДОМ МАСЪАЛАҲОРО БАРРАСӣ КАРД?
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони Миллали Муттаҳид ва ҷараёни баргузории Конференсияи байналхалқии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» 2005-2015 имрӯз зимни мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо муовини Дабири кулли СММ Ша Сзукан баррасӣ гардид. Ша Сзукан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил ва баргузории ин конфронс дар сатҳи баланд изҳори сипос карда, гуфт, ки СММ ҳамеша мекӯшад иқдомҳои наҷиби кишварҳои аъзои созмонро дасгирӣ намуда, ба раванди татбиқи онҳо мусоидат кунад. Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаҳои обу энергетикии минтақа, татбиқи барномаҳои Тоҷикистон дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва масъалаҳои марбут ба нақлиёту комуникатсия муҳокима гардиданд. Сарвазири мамлакат О. Оқилов изҳор дошт, ки Тоҷикистон бо татбиқи Стратегияи милли рушд ва барномаҳои дар самти рушди иқтисоди миллӣ равонашуда метавонад дар муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Ша Сзукан тазаккур дод, ки баргузории Конференсияи байналхалқии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» 2005-2015 дар шаҳри Душанбе ба татбиқи хуби Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мусоидат карда, нуфузи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боло мебарад. Худи ҳамин рӯз, Сарвази Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Дабири кулли Созмони иқтисодии Евразия Тоҳир Мансуров низ мулоқот карда, сатҳи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистонро дар доираи ин созмони бонуфуз баррасӣ намуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






