«ПАНДНОМА»-И ШОИРИ ҚАЗОҚ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Июнь 22, 2010 14:22

Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрӯз, 22 июн дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  китоби шоири забардаст Абай- Иброҳим Кунанбоев «Панднома» ба забони тоҷикӣ муаррифӣ гардид. Дар маросими муаррифии китоби мазкур сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Абутолип Ахметов ва аҳли илму адаби ҷумҳурӣ иштирок намуда, доир ба  бузургтарин чеҳраҳои адабию фарҳангӣ ва саромади адабиёти муосири қазоқ сухан намуданд. Абутолип Ахметов дар баромади худ ба адиб ва рӯзноманигор Фатҳулло Азиз, ки мутарҷими китоб мебошад,  миннатдории худро баён намуда, қайд кард, ки робитаҳои бисёрасраи адабии тоҷику казоқ дар эҷодиёти Абай то андозае гӯё ҷамъбасти худро ёфта, баҳри инкишофи минбаъдаи ин равобит самти наверо муайян сохтааст. «Тарҷумаи «Панднома»-и Абай бо забони тоҷикӣ ва манзури он ба мутолиаи дӯстдорони сухани воло иқдоми хубест дар шинохти Абай ҳамчун насрнавис. Пас аз шиносоӣ ба тарҷумаи ин асари маъруфи Абай хонандаи гиромиқадр равшан дарк менамояд, ки то чӣ дараҷа эҷодиёти ин адиби шаҳир аз адабиёти оламшумули классики форсу тоҷик баҳравар гаштааст»,- афзуд сафир. Бояд қайд кард, ки шоири шинохта ва маорифпарвар Абай аз худ мероси гаронбаҳои назмию насрӣ ба ёдгор мондааст. Миёни онҳо «Панднома» мақоми хосаро ишғол мекунад. Китоби мазкур солхои 1890-1898 тибқи таҳлили шароити ҳамондавраинаи қазоқҳо иншо гашта, андешаҳои фалсафию тарбиявӣ, ҷамъиятию сиёсӣ ва танқидии адибро дар бар гирифтааст. «Ин шоҳасар имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст ва мазмунан марбут танҳо ба қазоқҳо нест. Ҳар касе, ки бодиққат онро бихонад, ҳушдорона дармеёбад, ки ба замони мо чӣ андоза мувофиқ мебошад», -гуфт дар суханронии худ Абдусаттор Нуралиев.    

Июнь 22, 2010 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад