ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН ҚОНУНИ НАВ АЛАЙҲИ КОРРУПИСИЯРО ҚАБУЛ КАРД

Июнь 3, 2010 09:29

Душанбе, 3 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия  Саидова).-2 июни соли 2010 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии моливӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ»-ро баррасӣ ва қабул кард. Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов зимни шарҳи мӯҳтаво ва аҳамияти қонуни нав иброз дошт, ки он  бо мақсади мутобиқ намудани  идоракунии молияи  давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва дар амал татбиқ намудани  стратегияи рушди назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2009-2018,  нақшаи сесолаи амал баҳри татбиқи ин стратегия  ва баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ дар  идоракунии молияи давлатӣ таҳия шудааст. Ҷ. Норинов афзуд, ки қонуни мазкур дар таърихи қонунгузории молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори нахуст таҳия карда шудааст. Он ифодагари соҳибистиқлолии Тоҷикистон  ва мустақилияти низоми молиявӣ дар кишвар аст.      Самти қонуни мазкур баҳри самаранок истифода кардани маблағҳои буҷетӣ, низоми назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ, ноил гардидан ба мукаммалии иттилооти молӣ,  идорӣ,  фаъолияти  натиҷанокии  сарфаҷӯёнаю самарабахши муассисаҳои буҷетӣ ва риояи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ  равона карда мешавад. Ҷамшед Норинов афзуд, ки қонуни  мазкур ӯҳдадорӣ ва масъулияти роҳбарони идораҳои давлатиро дар татбиқ намудани назорати дохилии молиявӣ муайян мекунад. Тибқи ин қонун назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ пурзӯр гардонида шуда, сатҳи коррупсия дар муассисаҳои давлатӣ коҳиш меёбад. Тибқи ин қонун дар вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон, ки беш аз 800 нафар корманд ва 1,5 миллион сомонӣ нишондиҳанда доранд,   шӯъбаи назорати молиявӣ ташкил карда мешавад. Норинов афзуд, ки алҳол дар 5 вазорати пилотии Тоҷикистон назорати аудитӣ дохилӣ фаъолият дорад. Дар асоси ин қонун шаффофияти истифодаи маблағҳои буҷавӣ дар идораҳои давлатӣ ва ҷорӣ намудани чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ дар муасисаҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Қонуни нав аз ҷониби парлумони Тоҷикистон бо он сабаб таҳия ва қабул шуд, ки дар баъзе муассисаю идораҳои давлатии Тоҷикистон самаранок истифода нашудани маблағҳои буҷавӣ, афзоиши хароҷотҳои ғайримақсаднок ва фасод мушоҳида мегардад.       

Июнь 3, 2010 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст