ПАЁМИ МУНШИИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛ

Июнь 8, 2010 13:55

Душанбе,  8 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Муовини  Муншии  умумии  СММ  Шо  Сзукон  имрӯз дар  маросими  ифтитоҳи  Конфронси  байналмилалии  намояндагони  воломақоми  мамлакатҳои  ҷаҳон  ва  созмонҳои  мӯътабари  минтақавию  байналмилалӣ бахшида ба  ҷамъбасти   даври  аввали   Даҳсолаи  байналхалқии  амалиёти  «Об барои  зиндагӣ»  паёми  муншии  умумии  Созмони  Милали Муттаҳид  Пан  Ги  Мунро  ба  унвони  иштирокчиёни  конфронс  қироат  кард.   Дар  паём  аз  ҷумла  гуфта  мешавад: «Ман аз  Ҳукумати  Тоҷикистон  барои   гузаронидани  конфронс  дар  чунин  пояи   баланд сипосгузорам. Имрӯз  бисёр  одамон   дар  мамлакатҳои гуногун  аз  нарасидани об   азобу  уқубат  мекашанд.  1  миллиард  сокини  сайёра  аз  истеъмоли оби тоза  маҳрум  аст,  2,6  миллиард  нафар   аз  вазъияти  ногувори   санитарии  вобаста ба  об   азият  мекашад. Теъдоди  хеле  зиёди  одамон,  хусусан   занону  бачагон  ба  бемориҳое  гирифтор  мешаванд, ки  ба  нарасидани  оби  тоза  ва  шароити   бади  санитарӣ вобаста  мебошанд.  Инчунин  боришҳои  тӯлонӣ,  сел  ва обхезӣ  ба  ҳаёти одамон  таҳдид  менамоянд. Бинобар  ин  СММ   солҳои  2005 – 2015 – ро  Даҳсолаи байналхалқии  амалиёти «Об  барои  зиндагӣ»  эълон  кард. Мо  бояд  то  соли  2015   дар  бораи  дастовардҳоямон  дар  ин  давра  ҳисобот  диҳем.  Соли  2012 бахшида ба   проблемаҳои об  конфронси  махсуси  СММ  гузаронида  мешавад.  Мо  бояд   якҷоя  нақшаи  амалиётро  таҳия  намуда,  баҳрабардории   теъдоди  бештари  одамонро  аз  оби тоза таъмин  намоем.  Ин   аз  бисёр  ҷиҳат  ба рушди  иқтисодиёт  ва  ҷомеа  мусоидат  менамояд.  Танҳо   иродаи  мустаҳками  сиёсии   умумӣ  имкон  медиҳад, ки  ҳамкорӣ  дар  ин  самт  ривоҷ  дода шавад. Инчунин  низоми  идора  ва  истифодаи   оби дарёҳои  сарҳадгузарро  такмил  додан  зарур  аст.  Ин  хусусан  барои Тоҷикистон  ва  мамлакатҳои  ҳамсояи  он  аҳамияти  калон дорад. Ман зимни  сафари хеш  ба  Душанбе  ва  пойтахтҳои  мамолики дигари   Осиёи  Марказӣ   зикр  кардам, ки  барои  ҳалли  чунин  проблемаҳо   мулоқотҳо  ва  гуфтушунидҳои  мусолиматомез  заруранд.  Маркази  минтақавии   дипломатияи  халқии   СММ   дар ин  масъала  нақши  муҳим  мебозад. Созмони  милал  ба  давлатҳои   аъзо   пешниҳод  мекунад, ки  масъалаҳои   сиёсӣ,  иқтисодӣ  ва  экологӣ   якҷоя   ҳал  карда  шаванд. Мо  бояд  захираҳои оби  худро   ҳифз  намуда,  ба  ҳамаи  одамон  шароит  муҳайё  созем, ки  аз  оби тоза баробар  истифода баранд. Ба  Шумо —  иштирокчиёни  конфронси байналмилалӣ барори  кор  орзу  менамоям».

Июнь 8, 2010 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд