ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН БА ДУШАНБЕ ОМАД

Июнь 9, 2010 10:25

Душанбе,  9 июн. (АМИТ «Ховар», Фирдавс  Таваров). —  Президенти  Ҷумҳурии  Исломии  Эрон   шаби  8  июн  барои  боздиди  корӣ  ба  шаҳри  Душанбе омад. Тибқи  барномаи  сафар,  Президенти  Эрон  имрӯз бо  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  мулоқот  хоҳад  кард. Сипас Маҳмуд  Аҳмадинажод  дар  яке  аз   маҳфилҳои  Конфронси байналхалқии  намояндагони  воломақоми   мамлакатҳои  ҷаҳон  бахшида ба  ҷамъбаста  натиҷаҳои   даври  аввали  Даҳсолаи  байналмилалии  амалиёти  «Об барои  зиндагӣ» иштирок  мекунад, ки   дар  Душанбе  давом  дорад. Роҳбари  давлати  Эрон  10  июн  баъди  анҷоми  сафараш  ба пойтахти  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  —  шаҳри  Тошканд  хоҳад  рафт. Ӯ  дар  ин  ҷо  дар  мулоқоти  сарони  давлатҳои  аъзои  Созмони  ҳамкории  Шанхай  ширкат  меварзад. Айни  ҳол Қазоқистон, Чин, Қирғизистон,  Русия,  Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон  аъзои Созмони  ҳамкории  Шанхай  мебошанд.  Ҳиндустон,  Эрон, Муғулистон ва  Покистон  дар  он  мақоми  мушоҳид  доранд.  Ҷумҳурии  Белорусия  ва  давлати  Шри – Ланка  бо   Созмони  ҳамкории  Шанхай  ҳамкорӣ  мекунанд.

Июнь 9, 2010 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд