ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН БА ДУШАНБЕ ОМАД
Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон шаби 8 июн барои боздиди корӣ ба шаҳри Душанбе омад. Тибқи барномаи сафар, Президенти Эрон имрӯз бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Сипас Маҳмуд Аҳмадинажод дар яке аз маҳфилҳои Конфронси байналхалқии намояндагони воломақоми мамлакатҳои ҷаҳон бахшида ба ҷамъбаста натиҷаҳои даври аввали Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои зиндагӣ» иштирок мекунад, ки дар Душанбе давом дорад. Роҳбари давлати Эрон 10 июн баъди анҷоми сафараш ба пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд хоҳад рафт. Ӯ дар ин ҷо дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ширкат меварзад. Айни ҳол Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд. Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон дар он мақоми мушоҳид доранд. Ҷумҳурии Белорусия ва давлати Шри – Ланка бо Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкорӣ мекунанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






