РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТ ДАР ИДИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Душанбе, 21 июн. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 27 июн дар Тоҷикистон 13 – солагии Рӯзи ваҳдат ва созгории миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин 27 июн расман рӯзи истироҳат мебошад. Вале 27 июн ба рӯзи истироҳат, яъне рӯзи якшанбе рост меояд. Бинобар ин мувофиқи қонун дар бораи «Рӯзҳои ид» рӯзи истироҳат ба рӯзи дигар, яъне душанбеи 28 июн гузаронида мешавад. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзҳои 26, 27 ва 28 июн истироҳат мекунанд. 29 июн рӯзи муқаррарии корӣ мебошад. Дар ин бора мудири шӯъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






