РӮЗИ МОТАМ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Июнь 16, 2010 10:23

Душанбе,  16 июн. (АМИТ «Ховар»). —  16  июн  дар  Қирғизистон  барои  поси  хотири  қурбониёни  бетартибиҳои  оммавӣ  дар  қисмати  ҷанубии  ҷумҳурӣ  рӯзи  мотам  эълон  карда шуд. Аз  рӯи  маълумоти  Вазорати тандурустии  Қирғизистон,  дар  натиҷаи бетартибиҳои оммавӣ 178  нафар   кушта  шуд. Бештар  аз 1,8  ҳазор  нафари  дигар  маҷрӯҳ  гардид.  Дар  баробари  ин  раиси  ҳукумати  муваққатии  Қирғизистон  Роза  Отунбоева  зикр кард, ки  шумораи  аниқи  қурбоншудагон   маълум  нест. Зеро   мувофиқи  расму одати  аҳолии  маҳаллӣ,  одамони  вафоткарда  ё  кушташударо   хеле  барвақт  дар  рӯзи  вафоташон  пеш  аз  тулӯъ  кардани офтоб ба  хок  месупоранд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки   шаби  11  июн  дар  шаҳри  Ӯш  байни  қабилаҳои  қирғиз  ва  ӯзбек  задухӯрдҳои  мусаллаҳона  рух доданд. Ин  задухӯрдҳо  рӯзи  дигар  тамоми  вилояти  Ҷалолободро  фаро гирифтанд. Дар  робита,  дар  шаҳри  Ӯш ва  вилояти  Ҷалолобод  вазъияти  фавқулодда  ва  қуюди  шабгардӣ  ҷорӣ  карда шуд. Ба  ин  ҷо  қувваҳои  иловагии  вазоратҳои  корҳои дохилӣ,  мудофиа ва  ихтиёриён  фиристода шуданд. Тибқи  хабарҳои расида,  қариб 100 ҳазор нафар  ӯзбек аз  Қирғизистон  ба  Ӯзбекистон  фирор  кардааст. Вале   Ӯзбекистон  15  июн  сарҳади  худро  бо  Қирғизистон  баст  ва  қабули  гурезаҳоро  қатъ  намуд. Дар  ҳудуди  Ӯзбекистон  аллакай  45  ҳазор  гуреза  ба  қайд  гирифта  шуд.  Муовини  сарвазири  Ӯзбекистон  Абдулло  Орифов  зикр  намуд, ки   мамлакат   гурезаҳои  дигарро  қабул  карда  наметавонад.  Ба  қавли  ӯ,  Ӯзбекистон  вобаста  ба  аз  ҳад  зиёд  гардидани  шумораи  гурезаҳо  ба  кӯмаки  созмонҳои байналхалқӣ эҳтиёҷи  калон  дорад.

Июнь 16, 2010 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд