РАИС ДАР ГАПАШ ИСТОД

Июнь 18, 2010 09:08

Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Соли ҷорӣ ду нафар хатмкунандаи мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии ноҳияи Данғара барои соҳиби  медали тилло гардиданашон  аз ҷониби  раиси ноҳия ба ҳар яки он  се ҳазор сомонӣ дода шуд. Боиси ёдоварист, ки соли гузашта як нафар хатмкунандаи мактаби таҳсилоти умумии ноҳия, ки бо  медали тилло сарфароз гардида буд, мукофоти раиси ноҳияро дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ба даст овард. Дар ҷамъбасти соли таҳсил раис ваъда дода буд, ки хонандагони  бо медали тилло хатмкардаро дар соли 2010 бо се ҳазор сомонӣ қадрдонӣ хоҳад кард.  Чунин ҳавасмандкунӣ боиси он хоҳад шуд, ки дар оянда шогирду устод барои азхуд кардани барномаҳои таълимӣ бештар мутаваҷҷеҳ хоҳанд шуд. Хуб мешуд, ки чунин ҳавасмандкунӣ аз ҷониби дигар раисони ноҳияҳо дар соли  маориф ва фарҳанги техникӣ дастгирӣ меёфт. 

Июнь 18, 2010 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд