РАИС ДАР ГАПАШ ИСТОД
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ ду нафар хатмкунандаи мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии ноҳияи Данғара барои соҳиби медали тилло гардиданашон аз ҷониби раиси ноҳия ба ҳар яки он се ҳазор сомонӣ дода шуд. Боиси ёдоварист, ки соли гузашта як нафар хатмкунандаи мактаби таҳсилоти умумии ноҳия, ки бо медали тилло сарфароз гардида буд, мукофоти раиси ноҳияро дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ба даст овард. Дар ҷамъбасти соли таҳсил раис ваъда дода буд, ки хонандагони бо медали тилло хатмкардаро дар соли 2010 бо се ҳазор сомонӣ қадрдонӣ хоҳад кард. Чунин ҳавасмандкунӣ боиси он хоҳад шуд, ки дар оянда шогирду устод барои азхуд кардани барномаҳои таълимӣ бештар мутаваҷҷеҳ хоҳанд шуд. Хуб мешуд, ки чунин ҳавасмандкунӣ аз ҷониби дигар раисони ноҳияҳо дар соли маориф ва фарҳанги техникӣ дастгирӣ меёфт.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






