РАИСОНИ НОҲИЯҲОИ ЗАФАРОБОД, ФАРХОР ВА ШӮРООБОД ИВАЗ ШУДАНД
2 июни соли 2010 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як қатор тағйироти дигари кадрӣ ба амал бароварда шуд. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назар Одинаев Муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдусамад Саидмуродов Муовини сардори ҳамин хадамот таъин карда шуданд. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилҷон Ҷабборов аз вазифаи Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ озод карда шуда, Мудири шуъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






