РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ВМКБ

Июнь 14, 2010 15:17

Хоруғ, 14  июн. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо).  —  Сардори  раёсати   сармоягузорӣ  ва  идораи   амволи  давлатии  ВМКБ   Хурсанд  Вафобеков   ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки   имрӯз дар  вилоят  1531  соҳибкор  фаъолият  дорад.  Дар  вилоят 82  корхонаи  хурд  бо  сармояи  соҳибкорон   сохта  шуд  ва  имрӯз  барои  қонеъ  гардонидани талаботи  аҳолӣ  маҳсулот  мебарорад. Имрӯз  таъмини  куллии   аҳолии  вилоят  бо   маводи  заруртарини   рӯзгор  ба  зиммаи  соҳибкорон  ва  тоҷирон  гузошта шудааст. Айни  ҳол  дар  ноҳияи  Қалъаи  Хум  сохтмони  варзишгоҳи  замонавӣ  ва дар  ноҳияи  Шуғнон  сохтмони  фабрикаи  мурғпарварӣ  давом дорад.  Ин  муассисаҳо  бо  маблағи  соҳибкорони  маҳаллӣ  Нуралӣ  Шарифов  ва  Қадамшо  Чинов  сохта  мешаванд. Инчунин  дар  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  бо  маблағи  соҳибкорон   марказҳои  савдо,   хонаҳои  истиқоматӣ  ва  корхонаҳои гуногун  сохта  мешаванд. Дар баробари  ин   баъзе  омилҳое   ҳастанд, ки  ба  рушди  соҳибкорӣ  халал  мерасонанд. Баъзе  ҷиҳатҳои  қонунгузории  мавҷуда,  аз  ҷумла масъалаи  меъёрҳои баланди   гумрукӣ,  андози  хеле  калон   ва   механизми  мураккаби  қарзгирӣ  аз  бонкҳо  аз  ҷумлаи  чунин  монеаҳо мебошанд.

Июнь 14, 2010 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд