САБАБИ БОЛОРАВИИ НАРХИ БЕНЗИН ДАР ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар ин рӯзҳо қиммати як литр бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории бозори маҳсулоти нафтии Тоҷикистон то 4 сомони боло рафтаст. Сардори Cарраёсати таҳлили конюнтураи бозор ва танзими фаъолияти тиҷоратии Вазорати иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Бахтиёр Назирмадов ба мухбири АМИТ «Ховар» ин масъаларо чунин шарҳ дод: «Сабаби аслии дар ҷумҳурӣ якбора болоравии сӯзишворӣ ҳам дар амалӣ кардани боҷӣ гумруки аз ҷониби Федереатсияи Русия ва ҳам дар муҳосира қарор доштани вагонҳои боркаш дар қаламравӣ Ҷумҳурии Узбекистон мебошад. Бояд гуфт, ки ҳангоми содироти маҳсулоти нафтӣ аз қаламрави Федератсияи Русия ба санаи якуми марти соли 2010 аз маҳсулоти нафтӣ боҷӣ содиротӣ ба маблағи 193, 5 долаари ИМА барои як тонна ситонида мешуданд» Айни замон, мутобиқӣ Қарори Ҳукумати Федератсияи Руссия аз 26 апрели соли 2010, боҷӣ содиротӣ барои маҳсулоти сухт ба маюлағи 203,7 доллари ИМА барои як тонна муайян шудааст, ки 10,2 доллари ИМА барои як тонна арзиши маҳсулоти сухти Руссия гарон мегардонад. Мавсуф гуфт, куи мувофиқи маълумотҳои Ширкати «Газпром нефти Тоҷикистон» аз якуми июни соли 2010 нархи маводи сӯзишворӣ аз Федератсияи Руссия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда, ба андозаи 2 фоиз аз ҳисоби баланд бардоштани пардохти бочи гумрукии содиротӣ зиёд гардидааст, ки ба қимат гардидани нархи фурӯши сӯзишворӣ дар НФС ба андозаи 14 фоиз ё ба маблағи 93 дирам боис шудааст. Дар муҳосира қарор доштани вагонҳои боркашонӣ ба миқдори бензин-277 адад, сӯзишвории дизелӣ -267 адад ва сӯзишвории реактивӣ 145 адад низ ба боло рафтани нархи сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ таъсири бевосита мерасонад. Боздошт гардидани вагонҳои маводи сӯхт дар Ҷумҳурии Узбекистон на танҳо барои қиммат шудани нархи маҳсулоти сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ, балки ҳатто ба камёфт гардидани маҳсулоти қиматшуда оварда мерасонад. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 634,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки аз он воридот 551,3 ҳазор тонна аз Федератсияи Руссия, 15,7 ҳазор тонна аз Туркманистон ва аз дигар давлатҳои хориҷӣ 67,2 ҳазор тоннаро ташкил додаст. Аз аввали соли 2010 ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаги 191,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки аз он воридот аз Федератсияи Руссия 183,3 ҳазор тонна, аз Туркманистон 1,2 ҳазор тонна ва аз дигар давлатҳои хориҷӣ 6,7 ҳазор тоннаро ташкил додаст. Дар соли сипаригардида ба андозаи 87 фоизи маҳсулоти нафтӣ аз Федератсияи Руссия харидорӣ шуда, дар чор моҳи аввали соли 2010 вазни хоси маҳсулоти нафтии аз Федератсияи Руссия харидоришуда 97 фоизро ташкил додаст. Яъне воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Федератсияи Руссия афзоиш ёфта истодааст. Вазни хоси маҳсулоти нафтии аз Ҷумҳурии Туркманистон харидоришуда бошад, дар соли 2009 — 2,5 фоиз ва дар чор мохи соли равон 6 фоизро ташкил додаст, ки ин коҳишёбии воридоти маҳсулоти нафтиро аз Ҷумҳурии Туркманистон нишон медиҳад. Аз рӯи таҳлилҳо, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурии мо аз Федератсияи Руссия арзонтар аст, аз ин сабаб қисми асосии маҳсулоти нафтии воридшаванда аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ аз Федератсияи Руссия харидорӣ карда мешавад. Бояд гуфт, ки сабаби асосии коҳишёбии воридоти маводи сӯхт аз Ҷумҳурии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозбандӣ ҷалб гардидани содироти сӯзишворӣ дар Туркменистон ба андозаи ғайримустақим (андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз) ва бо ин андозаҳо андозбандӣ гардидани ин молҳо хангоми воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки Туркманистон хамаи молу маҳсулоти содиротиашро тавассути савдои биржавӣ ва музояндаҳо Биржаи давлатии молу ашёи Туркманистон бо назардошти нарҳои бозори ҷаҳонӣ ва биржавӣ дар санаи фурӯш амалӣ мегардонад. Ҳангоми содироти маводи сӯхт аз Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти сӯхт бо андоз аз арзиши иловашуда (20% аз арзиши он) ва аксиз андозбандӣ мешавад.