САФАР АНҶОМ ЁФТ

Июнь 29, 2010 12:04

Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Aз  22 то 25 июни соли равон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо мақсади шиносоӣ  бо ҷараёни сохтмони иншооти муҳим , фаъолияти корхонаҳои саноатӣ  ва рафти бартарафсозии  оқибати  офатҳои табиии дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи  Ғончӣ рӯхдода ба вилояти Суғд рафт. Оқил Оқилов дар  шаҳри Панҷакент  нахуст  аз вазъи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар сойи Зебон ва Ғарибак  шинос  шуда ба  роҳбарияти шаҳр ва дигар масъулин  барои хушсифат анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ  супоришҳои мушахас дод. Оқил Оқилов  мавзеи аз офати таббиӣ зарардидаи деҳаи Шӯрчаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасанро  аз назар гузаронида дар мавзеи Хамиртеппа ба 5 оила аз деҳаи Шӯрча, ки аз офати  табиӣ зарар  дида буданд, калиди манзилҳои  истиқоматиро супорид. Ҳамзамон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Навободи ҷамоати Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бо рафти корҳои барқаросозию соҳилмустаҳкамкунӣ  дар купрӯки селпартои сойи Заврон, ки дар натиҷаи омадани сел зарар дида буд  шинос шуд. Сипас Оқил Оқилов бо  рафти корҳо дар нақби Шаҳристон ошноӣ пайдо карда  дар назди сохтмончиён барои пурзӯр намудани фаъолияти нақбканӣ ва дар мӯҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд анҷом додани корҳо вазифаҳои муайян гузошт. Оқил Оқилов  24 июн дар ноҳияи Зафаробод дар маросими ба истифода  додани манзилҳои нав барои сокинони деҳаи Хишекати ноҳияи Ғончӣ, ки аз офатҳои   табиии соли равон рухдода  хисорот дидаанд  иштирок кард. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи омадани  сел  5 майи соли равон дар деҳаи Хишекати ноҳияи Ғончӣ 7 манзили истиқоматӣ пурра ва 17 манзили сокинон қисман вайрон  шуда буданд. Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар зарфи 2 моҳ барои онҳое, ки дар натиҷаи фалокат хонаҳои истиқоматиашон хароб гашта буданд аз ҳисоби буҷети давлатӣ манзилҳои нав дар ноҳияи Зафаробод бунёд гардида ба онҳо тақдим карда шуд. Барои зарардидагони ноҳияи Ғончӣ дар ин минтақаи ноҳияи Зафаробод дар ҳудуди 36 гектар замин барои 300 хоҷагӣ бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ноҳияи Ғончӣ Оқил Оқилов аз рафти  сохтмони пули болои дарёи Бешкалсойи ҷамоати Муҷун ва аз мавзеҳои дар натиҷаи боришҳо  зарардидаи деҳаи Росровут  дидан кард. Умуман, дар натиҷаи омадани сел рӯзҳои 13-15 июни соли равон дар деҳаи мазкур 80 хоҷагӣ зарар дида, 23 бинои ёрирасон пурра вайрон шуданд ва 42 қитъаи замини наздиҳавлигӣ зери рег монд. Дар ҷараёни сафари кории худ ба вилояти Суғд Оқил Оқилов инчунин бо фаъолияти корхонаю муассисаҳои дигари вилоят  шинос шуд.  

Июнь 29, 2010 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад