ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ҲИСОБКУНАКҲОИ ОБӢ ТАЪМИН МЕГАРДАД
Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҷиҳати кам кардани талафоти об ва истифодаи самараноки он дар манзилҳои истиқоматӣ, вазорату идора ва ташкилоти маъмуриву маҳаллии шаҳри Душанбе насби пурраи ҳисобкунакҳои обӣ ба роҳ монда мешавад,- иброз доштанд дар КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» ба мухбири АМИТ «Ховар». Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, дар ин бора миёни роҳбари гурӯҳи лоиҳаҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷаноби Франческо Монтованӣ ва шаҳрдори шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев мувофиқа ҳосил шудааст. Перомуни таҳияи Консепсияи нави рушди минбаъдаи системаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе ва идомаи марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур, Бонки Ҷаҳонӣ ба КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» дар ҳаҷми 12 млн. доллари амрикоӣ маблағи иловагии грантӣ барои насби ҳисобкунакҳои обӣ ҷудо менамояд. Дар сурати гузариш ба истифодаи обҳои зеризаминӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омодааст созишномаҳои грантиву қарзиро ба маблағи 150 – 200 млн. доллари амрикои ба мӯҳлати 10 сол бо Бонки Ҷаҳонӣ ба имзо расонад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






