ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ҲИСОБКУНАКҲОИ ОБӢ ТАЪМИН МЕГАРДАД

Июнь 22, 2010 08:47

Душанбе, 22 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Ҷиҳати кам кардани талафоти об ва истифодаи самараноки он дар манзилҳои истиқоматӣ, вазорату идора ва ташкилоти маъмуриву маҳаллии шаҳри Душанбе насби пурраи ҳисобкунакҳои обӣ ба роҳ монда мешавад,- иброз доштанд дар КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» ба мухбири АМИТ «Ховар». Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, дар ин бора миёни роҳбари гурӯҳи лоиҳаҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷаноби Франческо Монтованӣ ва шаҳрдори  шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев мувофиқа ҳосил шудааст. Перомуни таҳияи Консепсияи нави рушди минбаъдаи системаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе ва идомаи марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур, Бонки Ҷаҳонӣ ба КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» дар ҳаҷми 12 млн. доллари амрикоӣ маблағи иловагии грантӣ барои насби ҳисобкунакҳои обӣ ҷудо менамояд. Дар сурати гузариш ба истифодаи обҳои зеризаминӣ мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  омодааст созишномаҳои грантиву қарзиро ба маблағи 150 – 200 млн. доллари амрикои ба мӯҳлати 10 сол бо Бонки Ҷаҳонӣ  ба имзо расонад.

Июнь 22, 2010 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард