ШАХСИЯТИ МАЪРУФ ДАРГУЗАШТ

Июнь 7, 2010 16:16

Санаи 4 июни соли ҷорӣ марги бемаҳал Сардори хадамоти давлатии зотпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лақаев Бобоҷонро аз байни мо бурд. Лақаев Бобоҷон 1 июли соли 1948 дар деҳаи Чилчаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Фаъолияти кории ӯ аз соли 1965 ба сифати муаллими мактаби №8 ноҳияи Данғара оғоз меёбад. Соли 1966 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда,  бо роҳхати Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба сифати бойтор ба вилояти мухтори Кӯҳистони  Бадахшони фиристода мешавад ва то соли 1974 вазифаи сарбайтори  ветеринарии  вилоятро иҷро менамояд. Аз соли 1974  то соли 1982 вазифаи сарбайтори ноҳияи Темурмалик ва баъдтар соли то 1987 муовини аввали раиси Комиҷроия ва раиси  комитети агросаноатии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлонро иҷро намудааст. Аз соли 1991 дар вазифаи  раиси кумитаи  агросаноатии «Душанбе» шаҳри Душанбе, соли 1993 сардори раёсати кишоварзии Кумитаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993 вазифаи сардори иттиҳодияи «Точикплемживобединения»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Аз аз соли 2007 инҷониб вазифаи Сардори хадамоти  давлатии  зотпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Бобоҷон Лақаевич дар ҳама кору вазифа, ҳамчун  инсони  хоксору меҳнатдӯст ва  софдилу матинирода аз ӯҳдаи вазифаҳояш бо сарбаландӣ мебаромад. Хизматҳои шоёнаш аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Шараф» ва  унвони фахрии «Корманди шоистаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қадр карда шудааст. Хотира ва ёди неки ӯ дар дили ҳамкорон ва ёру дӯстон ҳамеша боқӣ мемонад.   Роҳбарият ва кормандони Вазорат кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 7, 2010 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд