ШАХСИЯТИ МАЪРУФ ДАРГУЗАШТ
Санаи 4 июни соли ҷорӣ марги бемаҳал Сардори хадамоти давлатии зотпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лақаев Бобоҷонро аз байни мо бурд. Лақаев Бобоҷон 1 июли соли 1948 дар деҳаи Чилчаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Фаъолияти кории ӯ аз соли 1965 ба сифати муаллими мактаби №8 ноҳияи Данғара оғоз меёбад. Соли 1966 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, бо роҳхати Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати бойтор ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони фиристода мешавад ва то соли 1974 вазифаи сарбайтори ветеринарии вилоятро иҷро менамояд. Аз соли 1974 то соли 1982 вазифаи сарбайтори ноҳияи Темурмалик ва баъдтар соли то 1987 муовини аввали раиси Комиҷроия ва раиси комитети агросаноатии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлонро иҷро намудааст. Аз соли 1991 дар вазифаи раиси кумитаи агросаноатии «Душанбе» шаҳри Душанбе, соли 1993 сардори раёсати кишоварзии Кумитаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993 вазифаи сардори иттиҳодияи «Точикплемживобединения»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Аз аз соли 2007 инҷониб вазифаи Сардори хадамоти давлатии зотпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Бобоҷон Лақаевич дар ҳама кору вазифа, ҳамчун инсони хоксору меҳнатдӯст ва софдилу матинирода аз ӯҳдаи вазифаҳояш бо сарбаландӣ мебаромад. Хизматҳои шоёнаш аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Шараф» ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр карда шудааст. Хотира ва ёди неки ӯ дар дили ҳамкорон ва ёру дӯстон ҳамеша боқӣ мемонад. Роҳбарият ва кормандони Вазорат кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






