СОХТМОНИ ХОНАҲО ТЕЗОНИДА МЕШАВАД

Июнь 11, 2010 08:42

Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои  ҷонишини раиси шаҳри Душанбе Ҳокимҷон Шарипов, супоридани хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагони шаҳри Кӯлоб на 1- уми сентябр чунон ки пештар эълон гардида буд, балки аз 15 –уми июл оғоз мегардад. Бо ин мақсад дар сохтмони ин  хонаҳои истикоматӣ  9 ширкату ташкилот ва беш аз 92 корхонаю   ва муассисаҳои шаҳри Душанбе  ҷалб карда шудаанд. Айни замон дар сохтмони хонаҳои истиқоматии шаҳраки рақами 3 шаҳри Кӯлоб беш аз 700 нафар сохтмончӣ ба кор ҷалб карда шудааст. Ба иттилои ҳамин  манбаъ, бо қарори шаҳрдории шаҳри Душанбе дар ин шаҳраки навбунёд 120 хона сохта ба истифода дода мешавад. Дар баробари ин аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузоришаванда ширкати «Тоҷиксохтмон — байналмилал» боз 10 хонаи иловагӣ сохта ба истифода  медиҳад.  

Июнь 11, 2010 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд