СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ СОХТМОНИ РОҲҲОИ МОШИНГАРД
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва муовини директори генералии Фонди рушди Абӯ — Заби ҷаноби Муҳаммад Алсайф Алсувайди 15 июн дар шаҳри Абӯ — Забии Аморатҳои Муттаҳидаи Араб дар бораи додани қарз ба Тоҷикистон барои сохтмони қитъаи роҳи мошингарди Кӯлоб — Қалъаи Хум созишнома имзо карданд. Тармиму таҷдиди роҳ имкон медиҳад, ки ҳаҷми ҳамлу нақли мол ва мусофирон ба воситаи нақлиёт дар байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои ҳамсоя чандин баробар зиёд гардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мувофиқи созишнома, Фонди рушди Абӯ — Заби барои тармиму таҷдиди роҳ ба Тоҷикистон 15 миллион доллари ИМА қарз медиҳад. Қарзи мазкур ба мӯҳлати 15 сол дода мешавад. Барои сохтмон ва тармиму таҷдиди роҳ инчунин Бонки рушди исломӣ, Фонди рушди Саудӣ, Фонди рушди иқтисодии Кувайт, Фонди рушди Ҷомеаи давлатҳои содиркунандаи нафт саҳм мегузоранд. Вазири молияи Тоҷикистон С.Наҷмиддинов зикр кард, ки қарзи Фонди рушди Абӯ — Заби иқдоми саривақтӣ буда, барои ҳалли проблемаҳои вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва пешрафти иқтисодии мамлакат кӯмаки калон мерасонад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






