ТӮЙИ СУННАТӢ ДАР АРАФАИ РӮЗИ ВАҲДАТ

Июнь 15, 2010 16:56

Душанбе,  15 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки 27 июн таҷлил мегардад, дар ноҳияи Вахш тӯйи суннатии 70 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоат гузаронида шуд. Ин иқдом дар доираи  татбиқи дастуру супоришҳои Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ гардонидани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешида шуд. Тӯйи суннатии бачаҳо бо ибтикори намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия Вахш ташкил ва гузаронида шуда, бачаҳоро дар ин рӯзи барояшон саид  Раиси ноҳияи Вахш Шодӣ Мӯсоев ва раиси намояндагии Кумитаи байналмилалии  имдод дар Тоҷикистон Сайидҷавод Разавӣ табрик намуданд. Онҳо ба бачаҳо либосу пойафзол ва бозичаҳо тақдим карда, барояшон  дастархони тӯёна оростанд.

Июнь 15, 2010 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд