ТАҲҚИҚИ МАНБАИ ГАЗ ДАР НАЗДИКИИ ДУШАНБЕ ОҒОЗ ЁФТ
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Ширкати муштараки «Тезис Петролиум Лимитед» — и Британия ва Канада хабар дод, ки пармакунии чоҳи озмоишӣ ва таҳқиқи ҳавзаи гази «Комсомолск» дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе шурӯъ гардид. Дар хабари ширкат гуфта мешавад, ки дарозии чуқурии чоҳи газ 2480 метр мебошад. Корҳои ҳуффорӣ дар ин ҷо тақрибан 60 рӯз давом мекунанд. Чоҳи нави газ дар ин ҷо дар шафати чоҳи кӯҳна канда мешавад. Аз рӯи маълумоти мавҷуда захираи газ дар ин ҷо 2,9 миллиард фути мукааб мебошад. Қайд карда мешавад, ки ҳавзаи гази «Комсомолск» дар наздикии корхонаи калони «Тоҷиксемент» воқеъ гардидааст ва яке аз истифодабарандагони асосии гази табий мебошад. Аз рӯи маълумоти мутахассисони ширкат нархи ҳазор метри мукааб газ дар Душанбе 6 доллару 17 сентро ташкил медиҳад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ширкати «Тезис Петролиум Лимитед» дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҷустуҷӯи манбаъҳои гази табиӣ ва истифодаи онҳо машғул мебошад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






