ТАҲҚИҚИ МАНБАИ ГАЗ ДАР НАЗДИКИИ ДУШАНБЕ ОҒОЗ ЁФТ

Июнь 3, 2010 10:19

Душанбе,  3 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Ширкати  муштараки  «Тезис Петролиум  Лимитед» — и  Британия  ва  Канада хабар  дод, ки  пармакунии  чоҳи  озмоишӣ  ва  таҳқиқи  ҳавзаи   гази  «Комсомолск»  дар  қисмати  шимолии   шаҳри  Душанбе   шурӯъ  гардид. Дар  хабари  ширкат  гуфта  мешавад, ки   дарозии  чуқурии  чоҳи  газ  2480  метр  мебошад.  Корҳои ҳуффорӣ  дар  ин  ҷо  тақрибан  60  рӯз  давом  мекунанд. Чоҳи  нави  газ  дар  ин  ҷо  дар  шафати  чоҳи  кӯҳна   канда  мешавад. Аз  рӯи  маълумоти  мавҷуда   захираи  газ  дар  ин  ҷо  2,9  миллиард  фути   мукааб  мебошад.   Қайд  карда  мешавад, ки  ҳавзаи  гази  «Комсомолск»  дар  наздикии  корхонаи   калони  «Тоҷиксемент»  воқеъ  гардидааст ва  яке  аз  истифодабарандагони  асосии  гази табий  мебошад. Аз  рӯи  маълумоти  мутахассисони  ширкат  нархи  ҳазор  метри  мукааб   газ  дар  Душанбе  6  доллару  17  сентро   ташкил  медиҳад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки   ширкати «Тезис Петролиум  Лимитед» дар   минтақаи  Осиёи  Марказӣ,  аз  ҷумла  Қазоқистон,  Тоҷикистон  ва  Ӯзбекистон  ба  ҷустуҷӯи  манбаъҳои  гази  табиӣ ва   истифодаи онҳо  машғул  мебошад.

Июнь 3, 2010 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад