ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР КӮЛОБ

Июнь 1, 2010 15:07

Кӯлоб,  1 июн. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). —  Субҳи  имрӯз  дар  шаҳри  Кӯлоб  бахшида ба  Рӯзи  байналмилалии ҳифзи  кӯдакон  ҷамъомади  серодам  баргузор  гардид.  Ҷамъомад  дар  Боғи  фарҳангу  фароғатии  шаҳр  ташкил  карда шуд. Дар он   вакили Маҷлиси  намояндагони  ҷумҳурӣ Хайринисо  Юсуфӣ,  раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҷунбиши   ваҳдати  миллӣ Қурбон  Восеъ,  директори  генералии  хазинаи  хайрияи «Сарпараст» Маҳмудҷон  Муродов,  шоирону  нависандагон, гурӯҳи  омӯзгорону  равоншиносон,  кормандони   китобхонаҳои  бачагона,  намояндагони  корхонаю  муассиса  ва  ташкилотҳои  маҳаллӣ,  аҳли  ҷамъият  ва  хабарнигорон  ширкат  варзиданд. Нотиқон  зикр  карданд, ки   давлат   ва  Ҳукумати  мамлакат  ҳамеша  ба  кӯдакон  ва наврасон   ғаморӣ  зоҳир  намуда,  барои   таъмини  шароити  зиндагӣ, таҳсил  ва   касбомӯзии онҳо   шароити   мусоид  фароҳам  меоранд. Сипас  иштирокчиёни  ҷамъомад   намоишгоҳи   маҳсули  дастони  устоҳои   халқӣ   ва  талабагони  мактабҳои  миёнаи  шаҳрро  тамошо  карданд. Ассосиатсияи  кӯдакону наврасони  ҷумҳурӣ ба  мактабҳои  шаҳри  Кӯлоб 319  ҷилд  китоб  тӯҳфа  кард.  Дар  қисмати  дуюми  ҷамъомад  маросими  супоридани  ифтихорномаҳо ва  тӯҳфаҳои  хотиравӣ  ба  кормандони  беҳтарини  китобхонаҳо,  озмуни  шеър  ва  рассомони наврас  гузаронида шуданд.

Июнь 1, 2010 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад