ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПӢ

Июнь 17, 2010 11:02

Душанбе,  17 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). —   23  июн  дар  Тоҷикистон  мисли тамоми   мамлакатҳои  ҷаҳон Рӯзи  байналмилалии  олимпӣ  таҷлил  карда  мешавад. Кумитаи  миллии  олимпии  Тоҷикистон   ба  ин  муносибат  нақшаи  тадбирҳоро  тасдиқ  намуд. Аз  ҷумла,  23  июн  дар  варзишгоҳи  «Спартак» —  и  шаҳри  Душанбе  дар  масофаҳои  гуногун  пойга ташкил  карда  хоҳад  шуд. Кумитаи байналмилалии  олимпӣ  ба  кумитаҳои  миллии олимпӣ  тавсия  дод, ки  23  июн  ба  муносибати  Рӯзи  байналмилалии  олимпӣ  мусобиқаҳои  гуногуни  варзишӣ баргузор  созанд. Ҳадафи онҳо  ҷалби бештари   одамон  ба  иштирок  дар  мусобиқаҳои  варзишӣ  мебошад. Рӯзи байналмилалии  олимпӣ  бо  қарори   маҷлиси  42 – юми  Кумитаи байналмилалии  олимпӣ  дар  соли  1948  ҷашн  гирифта  мешавад, ки дар  Санкт – Моритца баргузор  гардида буд.  23  июн  рӯзи  ташкили Кумитаи  байналмилалии  олимпӣ  мебошад. Кумитаи  мазкур  23  июни  соли 1894  бо  ташаббуси барон Пер де Кубертен   дар  Париж  ташкил  ёфта  буд.  Ӯ  баъди  ин  раиси  Кумитаи  байналмилалии  олимпӣ  интихоб  карда шуд.

Июнь 17, 2010 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад