ТАБАҚАҲОИ НИЁЗМАНД ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар доираи барномаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дастгирии моддии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар мадди назари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор драд. Соли ҷорӣ ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии бошандагони хона – интернатҳои маъюбону ятимон ва пиронсолону бесаробон мондагон дар буҷаи давлатӣ 13 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба ҳар як нафар бошандаи хона — интернат дар як сол 8 ҳазору 600 сомонӣ ва дар як моҳ 715 сомонӣ рост меояд. Дар баробари ин, аз 1 –уми июли соли ҷорӣ ба андозаи на камтар аз 30 фоиз баланд бардоштани ҳадди ақали музди меҳнат ва нафақа дар назар аст. Аз 1 – уми октябри соли ҷорӣ бошад, на камтар аз 15 фоиз зиёд шудани нафақа ва музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ пешбинӣ шудааст, ки ин аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳаққи сокинони кишвар шаҳодат медиҳад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






