ТАДБИРҲОИ МУШАХХАС
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои бахши матбуотии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазорат дар робита бо бартараф сохтани оқибатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд тадбирҳои мушаххас меандешад. Аз ҳисоби кормандони сохторҳои вазорат гурӯҳи корӣ созмон дода шудааст, ки он вобаста ба таъмини нафақа, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва ба кор таъминсозии шаҳрвандоне, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, оҷилан корҳои мушаххас мебаранд. Тибқи маълумоти ҳамин маньаъ, дар минтакаи Кӯлоб шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ғончӣ шаҳрвандони зарардида дар навбати аввал бо нафақа таъмин карда шуданд. Ҳамчунин 450 нафар шаҳрвандоне, ки бар асари офати табиӣ дафтарчаҳои нафақагириашонро гум карда буданд, бо ҳуҷҷати расмӣ таъмин карда шуданд. Дар доираи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои ташкили соҳибкорӣ дар бахши кишоварзӣ 70 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, қарзи 52 нафар сокинони зарардида барои 1 соли дигар тамдид гардид.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






