ТАДБИРҲОИ МУШАХХАС

Июнь 2, 2010 09:50

Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои бахши  матбуотии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазорат дар робита бо бартараф сохтани оқибатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд тадбирҳои мушаххас меандешад. Аз ҳисоби кормандони сохторҳои вазорат гурӯҳи корӣ созмон дода шудааст, ки он вобаста ба таъмини нафақа, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ  ва ба кор таъминсозии шаҳрвандоне, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, оҷилан корҳои мушаххас  мебаранд. Тибқи маълумоти ҳамин маньаъ, дар минтакаи Кӯлоб шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ғончӣ шаҳрвандони зарардида дар навбати аввал бо нафақа таъмин карда шуданд. Ҳамчунин 450 нафар шаҳрвандоне, ки бар асари офати табиӣ дафтарчаҳои нафақагириашонро гум карда буданд, бо ҳуҷҷати расмӣ таъмин карда шуданд. Дар доираи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои ташкили соҳибкорӣ дар бахши кишоварзӣ  70 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, қарзи 52 нафар сокинони зарардида барои 1 соли дигар  тамдид гардид.

Июнь 2, 2010 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд