ТАВАҶҶӮҲ БА ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Июнь 7, 2010 09:18

Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сафири Австрия хонум Урусла Фарингер дар вохӯрӣ бо вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов иброз намуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар вохӯрии навбатии комиссияи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва савдо, ки имсол дар давлати Австрия баргузор  мегардад, барои Тоҷикистон роҳи навро мекушояд.  Ҳамчунин оид ба баргузории конфронси илмӣ, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо иштироки олимони Академияи илмҳои кишоварзии Австрия ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷиткистон, ки  дар рушди соҳаи кишоварзии ҳарду ҷумҳурӣ тавассути пайвастани   илм ба истеҳсолот амалӣ гардонида  мешавад, барои соҳаи кишоварзӣ   хеле муҳим хоҳад буд. Хонум Урусла Фарингер ҳачунин иброз дошт, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Австрия  ташкилоти ғайритиҷоратии  «Ҳилфсверк Австрия Интернатсионал» фаъолият менамояд ва мақсади асосии он баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ,  дастгирии корхонаҳои хурд ва  миёна оид ба коркард ва борпечонии маҳсулоти озуқаворӣ равона гардидааст. Ин ташкилот дар Тоҷикистон ду корхонаи хурд: яке оид ба хушконидану печонидани меваи зардолу дар вилояти Суғд ва дигаре оид ба шуста печонидани лимон дар вилоти Хатлон кушодааст.Чунин ҳамкориҳо дар  дигар соҳаҳо низ идома дода мешаванд.    

Июнь 7, 2010 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд