ВАГОНҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН БОЗДОШТА МЕШАВАНД

Июнь 11, 2010 10:51

Душанбе,  11 июн. (АМИТ «Ховар»,  Мавзуна  Бойева). —  Иҷрокунандаи  вазифаи  директори  генералии  ширкати «Газпром  нефт – Тоҷикистон»  Фарҳод  Мирзоев  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  айни  ҳол  дар  қаламрави  Ӯзбекистон 260  вагони  ширкат  боздошта  шудааст.  Ба  ин  вагонҳо  маводи  сӯхт,  аз  ҷумла бензин,  сӯзишвории  дизелӣ,  сӯзишвории  ҳавопаймо,  инчунин  барои  сохтани роҳҳо  битум  бор  карда шудаанд. Бо  сабаби  боздоштани вагонҳои ширкат  ба  он  аллакай  ба  маблағи  1  миллиону   100  ҳазор  доллари  ИМА  зарари  иқтисодӣ  расид.  Маблағи  зарар  асосан  қарзи   иҷораи   вагонҳои   ширкат  мебошад. Арзиши  иҷораи  1  вагон   дар  як  шабонарӯз  1500  рубли  Русия  аст.  Ф.Мирзоев   зикр  кард, ки  ҳамаи  масъалаҳои  марбут  ба  боздоштани  вагонҳо  дар  Ӯзбекистон  ояндаи  наздик  дар  Шӯрои   роҳбарони  роҳҳои оҳани  ИДМ  муҳокима  карда  мешавад. Мо тамоми   ҳуҷҷатҳои  заруриро  ба   шӯрои  мазкур   пешниҳод  намудем. Ширкати «Газпром  нефт – Тоҷикистон»  дар  ҷумҳурии  мо  аз  соли  2007  инҷониб  амал  мекунад. Ширкат  яке  аз   воридкунандагони  асосии  маводи  сӯхт  ба  Тоҷикистон  мебошад. Дар  ин  муддат  аз  ҳисоби  ширкат  ба буҷети  ҷумҳурӣ  105,7   миллион  доллар  андоз  гузаронида шуд.

Июнь 11, 2010 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд